Ҳамватанони гиромӣ,
Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020, дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бешубҳа яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии кишвар дар соли равон ба шумор меравад.
Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса аз шаҳрвандони кишварамон, ки муваққатан ё доимӣ дар Фаронса иқомат доранд, даъват ба амал меорад, то онҳо дар овоздиҳии интихоботӣ фаъолона ширкат варзида, ба ҳамин тариқ ҳуқуқҳои конститутсионии худро татбиқ намоянд.
11 октябри соли 2020, аз соати 06:00 то 20:00 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса, ки дар суроғаи 42 Avenue Montaigne, 7500 Paris ҷойгир шудааст, участкаи интихоботӣ фаъолият хоҳад кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.
Зимни маъракаи интихоботӣ чораҳои беҳдоштӣ таъмин хоҳанд гардид.
Бо камоли эҳтиром,
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Фаронса
Уважаемые соотечественники,
Доводим до вашего сведения, что в воскресенье, 11 октября 2020 года, в Таджикистане состоятся президентские выборы, одно из важнейших событий в политической жизни страны в нынешнем году.
В связи с этим, Посольство приглашает граждан Таджикистана, временно или постоянно проживающих во Франции, принять активное участие в голосовании и, таким образом, реализовать свои конституционные права.
11 октября 2020 года с 6:00 до 20:00 часов в Посольстве Республики Таджикистан во Франции по адресу: 42 Avenue Montaigne, 75008 Paris, будет функционировать избирательный участок. Гражданам Таджикистана для участия в голосовании необходимо при себе иметь документ, удостоверяющий личность.
В ходе выборов будут обеспечены санитарно-гигиенические меры.
С уважением,
Посольство Республики Таджикистан
во Французской Республике