Оғози кори участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса

11.10.2020 12:39

Имрӯз, 11 октябри 2020 дар Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 6:00 субҳ дар фазои бошукуҳ ва сатҳи баланди ташкилӣ ба кори худ оғоз намуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуда, иродаи шаҳрвандии худро изҳор намуда истодаанд.

Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Париж тамоми шароити зарурӣ, чораҳои беҳдоштӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст.

11-10-1.jpg

11-10-2.jpg

11-10-3.jpeg

11-10-4.jpeg

11-10-6.jpeg

11-10-5.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg