Дар участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж овоздиҳӣ бомаром ҷараён дошта, то соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Фаронса зиндагӣ ва ё муваққатан қарор доранд, бо дарки амиқи уҳдадории шаҳрвандӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, фаъолона дар раванди овоздиҳӣ дар участкаи интихоботии воқеъ дар дафтари Сафорат иштирок доранд.
Қабули интихобкунандагон дар раванди овоздиҳӣ дар сатҳи муносиб, бо риояи комили ҳамаи меъёру қоидаҳои танзимкунанда ба роҳ монда шудааст.
Шаҳрвандон ҳамзамон бо иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ зимни суҳбатҳои озод аз пешрафту нумуи бештари Тоҷикистон дар кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар ибрози умедворӣ намуданд.