Мулоқоти Сафир бо Раиси вилояти Лвови Украина

22.10.2021 07:54

21 октябри 2021 дар шаҳри Лвов мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Раиси вилояти Лвови Украина Максим Козитский доир гардид.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украинаро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Украина таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Tajikistan-Ambassador-to-Ukraine-22-10-2021-1.jpgTajikistan-Ambassador-to-Ukraine-22-10-2021-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg