Мулоқот бо Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ

11.11.2021 10:01

11 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлоси 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле доир гардид.

Дар рафти мулоқот мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлим баррасӣ шуда, С. Муҳриддин бо изҳори сипос ҳамкориҳои судманди ЮНЕСКО-ро дар ин бахшҳо зикр кард. Ҷониби Тоҷикистон ҳамзамон аз намояндаи ЮНЕСКО ҷиҳати ҳамкории Созмон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва пайгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи обшавии пиряхҳо даъват ба амал овард.

Дар навбати худ, хонум Шамила Наир-Бедуэлле аз ҳамкориҳои самаранок бо Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.

Намояндаи ЮНЕСКО омодагии ин ниҳоди бонуфузро барои дастгирии минбаъдаи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар масъалаҳои глобалии вобаста ба об, ки бо ташаббуси Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иброз дошт.

YUNESKOGA.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg