Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Директори Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Фаронса

12.11.2021 08:42

12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Фаронса хонум Софӣ Макариу доир гардид.

C. Муҳриддин ба роҳбарият ва аҳли масъулони Осорхонаи “Гиме” барои заҳмату ҳамкориҳо бо осорхонаҳои Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, хосатан барои дар сатҳи шоиста танзим гардидани маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи болозикр бо сарпарастӣ ва иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Фаронса 13 октябри соли равон, арзи сипос намуд.

Бояд тазаккур дод, ки намоиши нигораҳои нодири аз осорхонаҳои миллӣ ва бостоншиносии Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия (Хазинаи Амударё) овардашуда то 10 январи соли 2022 идома ёфта, дар ташвиқу тарғиби таърихи бостонӣ, фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ва ҷалби теъдоди бештари сайёҳон аз минтақаи  Аврупо ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон, бо истифода аз ин фурсати муносиб Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме” дидан кард.  

GUIMET.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg