Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

29.11.2021 04:35

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карданд.

Дар вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар, инчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва мо аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатмандем.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, барои густариш ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо дар бахшҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид карданд.

Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. 

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг пешниҳод гардид, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

http://president.tj/node/27318

Presidents-of-Tajikistan-and-Azerbaijan-in-Turkmenistan-ECO-Summit-29-11-2021.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg