Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи UNODC

29.11.2021 07:35

29 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ғода Волиро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва савдои одамон, андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии онро дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кӯмаки фаннӣ, муҳим хонд.

1-FM-UN-Under-Secretary-UNODC-1.jpg

2-FM-UN-Under-Secretary-UNODC-2.jpg

3-FM-UN-Under-Secretary-UNODC-5.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg