Нахустин Анҷумани соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея

29.11.2021 13:30

29 ноябри 2021 нахустин Анҷумани соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳузури маҷозии роҳбарони палатаҳои савдои ва саноат, доираи соҳибкорони кишварҳои иштироккунанда ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя баргузор гардид.

Нишасти мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14-умин Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 30 ноябр дар Душанбе бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, танзим шуд.

Иштирокдорон имкониятҳои ҳамкории байниминтақавиро муаррифӣ намуда, дар мавриди таҳкими робитаҳои сармоягузорию татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок бо истифода аз зарфиятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намуданд. 

Натиҷаи нахустин Анҷумани мазкур ба фаъолияти Шӯрои соҳибкорони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои иштирокдор (санади ҳамкорӣ аз 29 июни 2020) саҳм хоҳад гузошт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg