Вохӯрии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон

29.11.2021 13:36

Аз 22 то 27 ноябри соли 2021 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.

Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек баргузор шуд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg