Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Корея

29.11.2021 15:13

29 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон И Ёнро, ки бо даъвати ҷониби Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти дуҷониба ду тараф вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Кореяи Ҷанубиро баррасӣ карданд. Зимнан мубодилаи афкори пурмуҳтаво ва манфиатдор роҷеъ ба муносибатҳои мазмунан амиқи ду кишвар сурат гирифт.

Тарафҳо ҷонибдории худро оид ба идомаи баъдии робитаҳои мутақобилан судманди сатҳи олӣ ва баланд, инчунин таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, машваратҳои байниидоравӣ изҳор намуданд.

Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки мақоми намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ба сатҳи сафир бардошта шуд.

Таваҷҷуҳи хосса ба ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат зоҳир гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши гардиши молҳои мутақобила талошҳои иловагӣ хоҳанд кард.

Дар ҷараёни сафари расмӣ ҷонибҳо Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея “Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад”-ро ба имзо расониданд, ки маҷмӯи созишномаҳои дуҷонибаро васеъ менамояд. 

Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули васеъи афкор сурат гирифт.

Вазирони корҳои хориҷӣ вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.

Ба муносибати истиқболи 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҷонибҳо дар бораи баргузории чорабиниҳои муштарак дар соли оянда ба мувофиқа расиданд.

Вазирон мавзӯи Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро зикр намуда, аҳаммияти ин механизми доимиро барои таҳкими ҳамкориҳои амалии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg