1 декабри соли 2021 дар шаҳри Рим мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо иқомат дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия ҷаноби Манлио ди Стефано доир гардид.
Дар рафти суҳбат тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуданд.