Рӯзи бахшида ба Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме”-и ш.Париж

29.11.2021 08:48

27 ноябри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ Рӯзи бахшида ба Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони Осорхонаи “Гиме”, олимону таърихшиносон, ҳунармандону тадқиқотчиён, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин аҳли илму фарҳанги тоҷики муқими шаҳри Париж ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок доштанд.
Зимни суханронии хеш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ба созмондиҳандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ барои таваҷҷуҳашон ба кишвари куҳанбунёду тамаддунофар ва мардуми фарҳангдӯсту сулҳпарвари мо изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Сафир дар баромади хеш хосатан ба фароҳам омадани фурсати муносиб ҷиҳати табодули донишу таҷриба ва таассуроти иштирокчиёни чорабинӣ оид ба таърихи қадима ва мероси ниёгони тоҷик, санъату фарҳанги ғанӣ, табиати биҳиштосо ва симои ҷолиби сайёҳӣ, миллати меҳмоннавоз ва дастовардҳои бузурги Тоҷикистон тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногун диққати ҳозиринро ҷалб намуд. Ӯ аз баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме” (дар давраи аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022), ки санаи 13 октябри 2021 бо иштироки бевоситаи сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон – ифтитоҳ ёфта буд, изҳори хушнудӣ карда, ҳозиринро барои шиносоӣ бо чунин нахустин намоиши муҳташаму беназири Тоҷикистон дар Аврупо даъват намуд.
Дар рафти ҷамъомади мазкур олими фаронсавӣ ва узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Франсис Ришар, профессор-хитойшинос Эммануэл Линко, коршиноси иқтисоди кишоварзӣ Кристин Ориёл, коргардони маъруфи тоҷик Ҷамшед Усмонов, аксбардори шинохтаи сайёҳӣ Ферранте Ферранти ва намояндаи ширкати матбуотии “Novastan” Амелия Буаяр-Бинефелд роҷеъ ба дастоварду натиҷаҳои фаъолияти хеш, хусусан оид ба саёҳат дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон, кашфи шаҳру деҳот ва манзараҳои дилкаши мамлакат, таърихи забони тоҷикӣ ва мероси ғании адабиёти тоҷик, рушди деҳоту сайёҳӣ, инъикоси расонаии Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ дар нашрияи фаронсавии “Новастан”, чолишҳои геополитикии минтақа ва аҳамияти таҳкими муносибатҳои оилавӣ тариқи намоиши филмҳо маълумоти муфассал доданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ зимни суҳбатҳои озоду самимӣ ба таъриху фарҳанги бойи тоҷик, дастовардҳои даврони истиқлол, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар масири талошҳо ҷиҳати таъмини ободониву рушди устувор ва муосиргардонии Тоҷикистон, нигоҳдории сулҳу субот ва ҳамкориҳои ҳасана дар минтақа баҳои баланд доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg