Нигоҳе ба 30 соли робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса

03.03.2022 12:05

 

Тоҷикистон Фаронсаро шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши худ дар Аврупо медонад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Масъалаи роҳандозӣ, таҳкимбахшӣ ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо мамолики пешрафтаи Аврупо, дар меҳвари сиёсати хориҷии давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ қарор гирифта буд. Хусусан дар радифи сиёсати баркашида ва дурбинонаи “дарҳои кушода”-и аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъломгардида, равобити ҳадафмандона ва зудрушдёбандаи Тоҷикистон бо Фаронса, ки яке аз нахустин давлатҳо шуда соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт, дар пайи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ аз 3-юми марти соли 1992 инҷониб ба таври созанда ба роҳ монда шуд.

Шурӯъ аз замони дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Фаронса дар арсаҳои сиёсию дипломатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ, сайёҳӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба таври мунтазам ва самаранок ҷараён доранд.

30 соли робитаҳо байни Тоҷикистону Фаронса, ки аз нигоҳи таърих муддати начандон тӯлонист, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ташаккул ва густариши фарогири ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фаронса то ба марҳилаи кунунӣ бар пояи дӯстиву рафоқат, шарикии боэътимод, дастгирии мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои миллии якдигар асос ёфтааст. Дар ин давра силсиласафарҳои расмиву кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса (солҳои 2002, 2005, 2015, 2019 ва 2021) доир гардиданд, ки ин дар маҷмӯъ ба густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯст дар бахшҳои мухталиф саҳми бориз гузошт.  

Таҷрибаи беназири робитаҳои ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Фаронсаро далели бо ризояти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқомату фаъолият намудани ҳайати (контингенти) ҳарбию ҳавоии Фаронса дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар муддати 12 сол аз охири соли 2001 инҷониб, ба хотири дастгирии амалиёти зиддитеррористии неруҳои байналмилалии эътилофӣ дар Афғонистони ҳамсоя, равшану возеҳ собит месозад.

Маҳз ба шарофати бархурди некбинона, тамосу таваҷҷуҳи доимӣ ва муносибати гарму самимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Фаронса, Сарвари давлати тоҷикон моҳи декабри соли 2002 сафари нахустини расмии хешро ба Фаронса ва умуман Аврупо анҷом доданд. Сафари мазкурро метавон қадами аввалини устувор дар сатҳи олӣ дар самти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ин давра ба ҳисоб гирифт. Ҳангоми ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Жак Ширак ва Раиси Сенати ин кишвар, инчунин вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, мудофиа, савдои беруна мулоқотҳои судманд барпо намуда, масоили мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни ин сафари таърихӣ ба имзо расидани созишномаҳои байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Фаронса дар бораи ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти дохилӣ аз муҳимтарин санадҳои поягузори ҳамкории шарикони муътамад гардид.

Дар ҷодаи инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ инчунин ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 мусоидат кард. Дар рафти боздид «Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса» бо иштироки васеи аҳли ҳунару санъати тоҷик баргузор шуд. Ҳамзамон, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Жак Ширак бо арбобони санъати тоҷик доир гардид, ки ҳангоми он Жак Ширак, мухлиси фарҳангу тамаддуни шарқӣ, дар назди Роҳбари давлати тоҷикон онҳоро бо мукофотҳои давлатии Фаронса сарфароз гардонид.

Санаҳои 7-12 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, ки муҷиби ба сатҳу муҳтавои сифатан нав баровардани муносибатҳои ду кишвар шуд. Дар чаҳорчӯби боздиди мазкур, 8 ноябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон роҳу имкониятҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангӣ мавриди табодули судманди афкор қарор доданд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса бо имзои 11 санади нави ҳамкорӣ (бо шумули шартномаҳои тиҷоратӣ) муваффақона ҷамъбаст гардид.

Чун фоли нек дар арафаи ҷашни 30-солагии робитаҳои дипломатӣ, рӯзҳои 12-14 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Фаронса ташриф оварданд, ки зимни он маросими бошукуҳи истиқболи расмии Роҳбари давлати тоҷикон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, музокироти сатҳи олии Президенти кишвар бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон ва Раиси Сенати Фаронса ҷаноби Жерар Ларше барпо шуданд. Ба ҳайси армуғони арзанда дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бар пояи сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари олии кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон рӯзи 13 октябри 2021 ба Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж расман ҳусни ифтитоҳ бахшида, санаи 14 октябр ҳамроҳи Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй, Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан ва дар ҳузури ҳайати дипломатӣ ва ҷамъияти тоҷикони муқими ш.Париж, ашхоси расмӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Фаронса дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (бо шумули Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон ва чорабинии идонаи бошукуҳи консертӣ бо иштироки васеи устодони санъат ва ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Андешаву бурҳонҳои дар боло ироашуда бозгӯйи сатҳу сифати басо баланди равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар риштаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Фаронса мебошанд. Ахиран, дар асоси боздиди охирини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти Фаронса, миёни тарафҳо санади фарогири равобити гуногунҷанба зери унвони “Харитаи роҳи рушди ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса барои солҳои 2021-2026” ба имзо расид. Ҳамин тариқ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии шарокат байни Тоҷикистон ва Фаронса дар тӯли 30 соли робитаҳои дипломатӣ бо 23 санади байниҳукумативу байниидоравии ҳамкорӣ ғанӣ гардонида шуд, ки муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва саноат, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мудофиа, амнияти дохилӣ ва ғайра ба танзим медарорад.

Дар айёми 30 соли сипаришуда, илова ба боздиду муколамаи зичи сатҳи олӣ, мо шоҳиди таҳкими робитаҳо дар зинаҳои гуногун низ, хусусан дар доираи ташрифҳои мутақобилаи намояндагони баландпояи ду кишвар, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, шарикии соҳибкорону сармоягузорони ҷонибҳо ва аз соли 2016 инҷониб бошад машваратҳои сиёсии байниидоравӣ гардидем.

Месазад, ба бахши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар давраи сипаригардида назаре афканем. Дар Тоҷикистон соири 25 ширкати хурду бузурги фаронсавӣ дар соҳаҳои авиатсия, энергетика (аз ҷумла гидроэнергетика), кишоварзӣ, электротехника, савдои дистрибюторӣ, сохтмони инфрасохтор ва муҳандисию машваратӣ дар солҳои гуногун фаъолият кардаанд. Моҳҳои апрел ва ноябри соли 2015 мутаносибан ҳайати роҳбарони Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса “МЕДЕФ Интернейшнл” бо гурӯҳи иборат аз 20 соҳибкори бонуфузи фаронсавӣ ва ҳайати кишварамон зери сарварии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба пойтахтҳои якдигар сафарҳои корӣ анҷом дода, дар ин давра Шӯрои соҳибкорони Фаронса-Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҷаласаҳои Шӯрои соҳибкорон қариб ҳар сол дар пойтахтҳои ду давлат бо иштироки соҳибкорони тоҷику фаронсавӣ пурмаҳсул барпо мегардад.

Дар радифи талошу заҳматҳо ҷиҳати ҷонноксозии равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, 7 ноябри 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Ҷумҳурии Фаронса мулоқот анҷом дода, дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту зарфиятҳои Тоҷикистону Фаронсаро барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он, муҳокима намуданд.

Дар ин радиф, бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз соли 2007 то 2021 маблағи 120 млн. доллари ШМА-ро ташкил додааст, ки ҳиссаи сармоя аз Фаронса ба панҷгонаи давлатҳои калони сармоягузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” аз тарафи ширкати “Alstom” (соли 2013), сохтмон ва ба истифода додани терминали нави муосир (соли 2014) ва манораи нави замонавии назоратӣ-танзимнамоӣ (соли 2019) дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва кушодашавии гипермаркети “Ашан” дар шаҳри Душанбе (соли 2016) аз намунаҳои барҷастаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Фаронса мебошанд.

Фаъолияти ҷолибу пурсамари Маркази фарҳангии “Бохтар” (бо сарпарастии созмони ғайриҳукуматии фаронсавии “ACTED”) ва бахши Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Душанбе, гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Париж дар солҳои 2005 ва 2021 ва ҳамкории густурдаи бостоншиносони ду кишвар ҳанӯз аз даврони шӯравӣ (ки Намоиши нигораҳои таърихии кишварамон дар Осорхонаи “Гиме” таҷассумгари воқеии чунин ҳамкорӣ мебошад) ба рушди босуръати равобити фарҳангӣ, таҳсилотӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар бахши роҳандозии ҳамкориҳои таҳсилотӣ миёни ду кишвар бояд онро таъкид дошт, ки 8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Париж байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ дар робита ба фанҳои таърихи санъат ва бостоншиносӣ, ҷуғрофия ва сайёҳӣ, инчунин равобити илмӣ дар бахшҳои илмҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса ба имзо расид.

Робитаҳои Тоҷикистон бо Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ низ солҳои охир фаъол гардида, санаи 3 феврали соли 2021 бо ташаббусу тадорукоти Сафорати кишвар дар Париж ва дастгирии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии махсус бахшида ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва табодули таҷрибаи соҳавӣ бо Фаронса баргузор гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки бино ба созиши тарафҳо, имсол ташрифи ҳайати баландмақоми ҷониби фаронсавӣ бо шумули масъулони ширкатҳои сайёҳӣ ба Душанбе дар назар аст.   

Дар маҷмӯъ, таърихи навини робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Фаронса собитгари торафт мукаммалу мустаҳкам гардидани муносибатҳои мутақобилан судманди онҳо буда, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст бо назардошти нақшаву ниятҳои дарозмуддати роҳбарияти олии онҳо умедбахш ва дорои тамоюли шарикии стратегӣ маънидод мегардад.

 

Сафири Фавқулодда ва Мухтори

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса

Ҷамолиддин Убайдулло

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg