Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 537 аз 13 сентябри соли 2008 Насриддинов Салоҳиддин Асомиддинович ба ҳайси аввалин Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ таъйин гардид.
Аз моҳи октябри соли 2010 вазифаи Сафири Тоҷикистон дар ин кишварро Юлдошев Абдулло Қурбонмамадович ба уҳда дошт.
Аз таърихи 05 ноябри соли 2014 то 27 январи соли 2016 Шарифӣ Азамшо Латифзод ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ фаъолият намуд.
Аз санаи 29 марти соли 2016 вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудиро Қосимӣ Заробиддин ба уҳда дорад.