Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вобаста ба вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баамаломада масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ низ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.
Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, баррасӣ гардиданд.
Президентҳо ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд.
http://president.tj/node/29160