4 октябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватслав Йилекро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чехия ва шарокат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуданд.