Вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 31 декабри соли 2022

04.05.2023 16:35

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар маҷмӯъ 64 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 26 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Дар давраи аз 31 декабри соли 2021 то 31 декабри соли 2022 ба 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ (ҶДММ ТҚҒ “Васл”), 2 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд (ҶДММ ТАҚХ “Эмин Сармоя” ва ҶСП ТАҚХ “Шукр Молия”) иҷозатнома дода шуда, иҷозатномаи 1 адад ташкилоти маблағгузории хурд (ФҚХ “Истиқлол”) бозхонд карда шуд.

Ҳамзамон, бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18.03.с.2022, №31 ба ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз”, аз 09.06.с.2022, №68 ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” ва аз 30.12.с.2022, №151 ба ҶДММ ТҚҒ “Васл” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шудааст. Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд, иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” бинобар табдилёбӣ ба бонк ва иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Васл” бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ аз эътибор соқит дониста шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар низоми бонкии кишвар намояндагии 1 бонки хориҷӣ (ҶСММ “Бонки кишоварзии Чин”) фаъолияти худро пеш бурда истодааст. Илова бар ин, берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои ҶСК “Ориёнбонк” дар Аморати Муттаҳидаи Араб (ш. Дубай), Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (ш. Лондон), Ҷумҳурии Туркия (ш. Истамбул), Ҷумҳурии Корея (ш. Сеул), Ҷумҳурии Узбекистон (ш. Тошканд), Ҷумҳурии Халқии Хитой (ш. Пекин) ва намояндагии БДА ҶТ "Амонатбонк” дар Федератсияи Россия (ш. Москва) фаъолият менамоянд.

Шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ 1 862 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 7 адад зиёд шуд.

Ҷадвали 1. Сохтори низоми бонкии ҶТ

(адад)

Сохтор

31.12.2021

31.12.2022

Т-т (+/-)

1.Ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ҳамагӣ)

63

64

1

    1. Бонкҳо
      1. Бонкҳои анъанавӣ
      2. Бонкҳои исломӣ

14

13

1

15

14

1

1

1

-

    1. Ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ

-

1

1

1.3 Ташкилотҳои маблағгузории хурд

49

48

-1

1.3.1 Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд

18

19

1

1.3.2 Ташкилотҳои қарзии хурд

4

3

-1

1.3.3 Фондҳои қарзии хурд

27

26

-1

2. Воҳидҳои сохтории ТҚМ (ҳамагӣ)

855

862

7

2.1 Филиалҳо

295

310

15

2.1.1 Равзанаҳои бонкии исломӣ

2

2

-

2.2 Марказҳои хизматрасонии бонкӣ

1 204

1 205

1

2.3 Марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд

353

 

343

 

-10

 

2.4 Воҳидҳои сайёр

3

4

1

Дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2022 маблағи 30 030,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 7 616,0 млн. сомонӣ ё 34,0 фоиз бинобар зиёдшавии маблағи ҳисобҳо барои гирифтан аз Бонки миллии Тоҷикистон, пули нақд ва бақияи сандуқи қарзӣ ба амал омадааст.

Бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ маблағи 13 577,6 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 1 607,2 млн. сомонӣ ё 13,4 фоиз зиёд шудааст, ки ин аз ҳисоби қарзҳои ба шахсони воқеӣ ва ба соҳибкорони хурду миёна додашуда ба амал омадааст.

Дар санаи ҳисоботӣ қарзҳои ғайрифаъол (зиёда аз 30 рӯз батаъхирафтода) маблағи 1 630,9 млн. сомонӣ ё 12,0 фоизи сандуқи қарзии маҷмӯиро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 вазни қиёсии онҳо дар сандуқи қарзии маҷмӯӣ ба андозаи 1,4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Аз рӯи қарзҳои ғайрифаъол ба маблағи 1 704,2 млн. сомонӣ фонди пӯшонидани талафоти имконпазир ташкил карда шудааст, ки ба 104,5 фоизи қарзҳои мазкур баробар буда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 12,0 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.

 

Ҷадвали 2. Сифати сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявии ҶТ

(млн. сомонӣ)

Гурӯҳбандии қарзҳо

31.12.2021

31.12.2022

Т-т(+/-)

Ҳамагӣ (маҷмӯӣ), аз ҷумла

11 970,4

13 577,6

1 607,2

   Фаъол

10 363,6

11 946,7

1 583,2

   Ғайрифаъол

1 606,8

1 630,9

24,1

Вазни қиёсии қарзҳои ғайрифаъол

13,4%

12,0%

-1,4 б.ф.

Вазни қиёсии қарзҳои ғайрифаъол (холис)

1,1%

-0,6%

 

Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ 23 731,7 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 6 392,6 млн. сомонӣ ё 36,9 фоиз асосан аз ҳисоби амонатҳо зиёд шудаанд.

Меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2022 ба 94,88 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда (30 фоиз) 64,88 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Амонатҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ 15 507,8 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 5 348,5 млн. сомонӣ ё 52,6 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Ҳиссаи амонатҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо асъори хориҷӣ дар санаи ҳисоботӣ 44,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 0,2 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2022 ба 6 299,0 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба 1 223,3 млн. сомонӣ ё 24,1 фоиз асосан аз ҳисоби фоидаи соли ҷорӣ ва сармояи пардохташуда зиёд шудааст.

Меъёри кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2022 андозаи 25,27 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 13,27 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар охири моҳи декабри соли 2022 бо фоида, ба маблағи 1 179,5 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 1 071,2 млн. сомонӣ ё 988,3 фоиз зиёд шудааст.

Дар санаи ҳисоботӣ нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои (ROA) ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 аз 0,5 фоиз то 3,9 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (ROE) аз 2,1 фоиз то 18,7 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg