Муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ

31.01.2024 08:11

Муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ

Подшоҳии Арабистони Саудӣ 11 январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 22 феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ барқарор гардиданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз моҳи сентябри 2008 ва Сафорати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе соли 2010  ифтитоҳ ёфт.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Акрам Каримӣ (31.08.2020) ва сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон (01.07.2021) таъйин шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (солҳои 1997, 2001, 2005, 2016, 2017 ва 2023) ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф овардаанд, ки дар раванди рушди муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд. Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дигар шахсони воломақоми он кишвар доир гардиданд.

Дар мавриди тамосҳои сатҳи баланди сиёсӣ ишора намудан ба сафари расмии собиқ вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд Ал-Файсал ба Тоҷикистон соли 1992, боздиди собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ аз Риёз соли 2007, сафарҳои расмиву кории вазири корҳои хориҷии кишвар С. Муҳриддин ба Арабистони Саудӣ соли 2014 ва 2022, ҳамчунин боздиди собиқ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз Риёз (25 январи 2015) сафари Прокурори генералии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2022 ва сафари Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ дар моҳи августи соли 2022 бамаврид аст.

Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ яке аз абзорҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мегардад. Дар ин замина 24-26 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ намуд. Сафари ҷавобии собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саудӣ 21 январи соли 2017 доир гардид.

Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкориҳо таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шурои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкориҳои бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт. Инчунин рӯзҳои 1-4 апрели соли 2018 иҷлоси дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Риёз ва дар ҳошияи он ду форуми соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда баргузор гардиданд. 23-24 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар натиҷа Протоколи ҷаласа, ҳамчунин Созишнома оид ба канорагирӣ  аз андозбандии дукарата ба имзо расонида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст.

Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳо ба ҳисоб мераванд. 5-9 майи соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Сафари расмии вазири корҳои дохилии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2018 ва дидору мулоқотҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулини баландпояи кишвар омили муҳимми рушди ҳамкориҳои минбаъадаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо ба шумор меравад.

Ду кишвар дар доираи Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар санадҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиҳоро дар самти амният ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба роҳ мондаанд.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg