Изҳороти матбуотӣ

25.09.2023 16:06

19-25 сентябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg