24 апрели 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълумот ироа гардид.
Ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.