9 майи 2024 дар Риёз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини роҳбари Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон (KSrelief) Аҳмад Ал-Байз мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази Шоҳ Салмон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар самти бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.