20 майи соли 2024 дар Риёз вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс (ШҲКАХФ) Ҷосим Ал-Будайвӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШҲКАХФ-ро баррасӣ намуда, атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.