29 майи 2024 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи“Нақшаи амали муштараки муколамаи стратегӣ ва ҳамкории кишварҳои ОМ ва GCC барои солҳои 2023-2027”, ки зимни Саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ 19 июли 2023 дар шаҳри Ҷидда бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, роҳандозӣ гардид.
Дар кори форуми сармоягузорӣ ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва бо ҳузури вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, масуълони мақомоти давлатӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои пешсафи бахши хусусии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар ҷаласаи пленарии Форум, ки таҳти раёсати вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ ҷараён гирифт, роҳбари ҳайати Тоҷикистон суханронӣ карда, дар бораи фазои сармоягузорӣ ва самтҳои авлавиятноки рушди иқтисоди кишвар маълумоти муфассал ироа намуд.
Инчунин, дар доираи форум ҷаласаҳои панелӣ дар мавзуъҳои “Инфрасохтор ва рушд”, “Энергияи таҷдидёбанда ва тоза”, “Кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ” ва “Истихроҷи маъдан ва металҳо” баргузор шуданд, ки дар кори онҳо муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Нуриддинзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Сафарзода, роҳбари ширкати “Барх Консалтинг”, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ш. Самиев ва намояндаи ширкати “Талко” Т. Назаров иштирок ва суханронӣ карданд.