30 майи 2024 дар шаҳри Риёз, дар ҳошияи Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ (GCC-Central Asian Investment Forum) вохӯриҳои вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини аввали вазири саноат ва захираҳои минералии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Мудайфир, муовини якуми Бонки содироту воридоти Арабистони Саудӣ (SAUDI EXIM BANK) д-р Ноиф Ал-Шаммарӣ, роҳбарияти ширкати энергетикии “ACWA POWER” ва ширкати сармоягузории “MANARA MINERALS”-и Арабистони Саудӣ баргузор шуданд.