11 июни 2024 дар Риёз вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ дар умури робитаҳои байналмилалӣ хонум Сара Ас-Сайид баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла омодагии ҷонибҳо ба даври навбатии ҷаласаи Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.