Мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар рӯзномаи арабии "Аш-Шарқ ал-Авсат"

02.07.2024 14:12

30 июни 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ рӯзномаи байналмилалии арабии “Аш- Шарқ ал-Авсат” (Ховари Миёна) дар пойгоҳи электронӣ ва нусхаи чопии худ мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Султон Раҳимзодаро нашр кард.

Дар мусоҳиба роҷеъ ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ, хусусиятҳои фазои сармоягузориии Тоҷикистон, бахшҳои авлавиятноки сармоягузорӣ ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати кишвар барои ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ кардааст, маълумоти муфассал ироа шудааст.

Инчунин, зимни мусоҳиба дар бораи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва ҷалби сармоягузорони саудӣ ва араб ба иқтисоди кишвар изҳори андеша сурат гирифтааст.

Матни пурраи мусоҳиба дар пайванди зер дастрас мебошад:

https://aawsat.com/files/pdf/issue16651/14/

1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg