8 сентябри соли 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо роҳбари Агентии ҳукумати рақамиии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Аҳмад Ас-Сувайён баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.