24-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Риёз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони воломақоми Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аъзои корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои расмию корӣ ва васоити ахбори омма, инчунин ҳамватанони тоҷикистонии муқими Арабистони Саудӣ ширкат варзиданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар паёми шодбошии худ дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолият сухан гуфта, таъкид кард, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, таҳкими асосҳои давлати демкоративу ҳуқуқбунёд ва татбиқи стратегияҳо ва ҳадафҳои авлавиятноки худ қадамҳои устувор мениҳад.
Дар идомаи суханронӣ бо ишора ба нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои мудирияти захираҳои обӣ, мубориза бо терроризм, таъмини суботу амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ маълумот ироа шуд.
Дар ҷарёни ҳамоиш барномаи консертӣ бо иштироки овозхонон ва навозандагони тоҷик тақдими меҳмонон гардид.
Инчунин, дар ҳошияи чорабинӣ ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон намоишгоҳи аксҳо, китобҳо ва варақаҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд.