10 октябри соли 2024 дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо мудири иҷроияи Фонди рушди саудӣ Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва раванди татбиқи лоиҳа ва барномаҳои рушд, ки аз ҷониби фонди мазкур дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд.