20 ноябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, узви Шурои вазирон, фиристодаи Арабистони Саудӣ дар умури иқлим Одил Ал-Ҷубайр вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мавзуи обу иқлим яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ мебошад. Ҷонибҳо ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ намуда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштаракро ҷиҳати пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим баррасӣ карданд.