Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

20.11.2024 19:07

20 ноябри соли 2024 дар шаҳри Риёз даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Хурайҷӣ баргузор гардид.

Зимни нишаст ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.

Ҳамчунин робитаҳои шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор дошт.

21-11-2024-13-42.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg