Вазорати корҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин хизматрасонии давлатӣ» гардид

10.12.2024 09:17

6 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор шуд.

Дар натиҷаи чорабинӣ дар номинатсияи «Беҳтарин хизматрасонии давлатӣ» Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб дониста шуда, соҳиби ин ҷоиза гардид.

Ҳамзамон, дар ин маросим беҳтарин мақомот ва ширкатҳое эълон карда шуданд, ки ба рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар фаъолона мусоидат менамоянд. Ҳадаф аз он рушди иқтисоди рақамӣ ва соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорон ва таҳкими зерсохтори логистикӣ мебошад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg