11 декабри соли 2024 дар шаҳри Ашхобод муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Иқдомоти муштарак ҷиҳати таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва рушди устувор" иштирок намуд.
Чорабинии мазкур дар арафаи Рӯзи бетарафии Туркманистон баргузор гардида, ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод бахшида шуда буд.
С.Имомӣ дар суханронии худ ҷонибдории Тоҷикистонро аз ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Туркманистон, ки ба таҳкими сулҳу субот, муколама ва рушди устувор мусоидат мекунанд, таъкид кард.
Муовини вазир ҳамчунин ба вазъи кунунӣ ва рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон, ки бо қарори сарони давлатҳо ба сатҳи шарикии амиқи стратегӣ бордошта шуд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan