Маросими тақдими партитураи Суруди СҲШ

11.12.2024 14:22

10 декабри соли 2024 дар шаҳри Пекин маросими тантанавии тақдими партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ баргузор гардид.

Дар ҳошияи маросим дидор бо Дабири кулли СҲШ Чжан Мин доир гардид, ки дар рафти он ба китобхонаи Котибот китобҳои “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров, “Дипломатияи оби Эмомалӣ Раҳмон: аз қадамҳои аввал то шарокати глобалӣ”-и С.Муҳриддин ва “Ҷаҳони гулдузии тоҷикӣ” баргузор гардид.

Пешниҳод оид ба қабули Суруди СҲШ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. Суруд бо Қарори Шурои сарони давлатҳо таъсис ёфта, нахуст 17 сентябри соли 2021 дар рафти Саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ дар Душанбе садо додааст. Муаллифи Суруд ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон А.Мусозода мебошад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg