Мулоқот бо муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои илмҳои табиӣ

11.12.2024 16:06

11 декабри соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) воқеъ дар шаҳри Париж мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои илмҳои табиӣ хонум Лидия Брито сурат гирифт.

Зимни мулоқот самтҳои умдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Дар баробари ин, вобаста ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, изҳори назар карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg