30 январи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналимилалии бозори меҳнат дар шаҳри Риёз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо раиси Ширкати “ARCO”-и Арабистони Саудӣ оид ба захираҳои инсонӣ Шайх Фаҳд Аш-Шаммарӣ ва мудири иҷроияи ширкати мазкур доктор Файсал Ал-Ваълон мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба талаботи бозори меҳнат дар ду кишвар, инчунин дар бораи абзорҳои ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуданд.
