18 феврали 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ нусхаи эътимодномаро ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн бо қароргоҳ дар Риёз ба вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн доктор Абдуллатиф Аз-Зайёнӣ ба таври маҷозӣ тақдим кард.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуданд.
