Мулоқот бо роҳбарияти Бонки содироту воридоти Арабистони Саудӣ

20.02.2025 07:08

20 феврали соли 2025 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини раиси Бонки содироту воридоти Арабистони Саудӣ (SAUDI EXIM BANK) д-р Ноиф Ал-Шаммарӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва инчунин, роҳҳои афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.

10101010_wide.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg