20 феврали соли 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Агентии давлатии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Абдулазиз Ад-Дуайлиҷ мулқот анҷом дод.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин росто, ҷонибҳо дар партави роҳнамоии роҳбариятҳои олии ду кишвар ба зарурати роҳандозии хатсайрҳои мустақими мунтазами ҳавоӣ байни Душанбе ва Риёз таъкид карданд.
