3 марти соли 2025 дар шаҳри Даммом мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Шарқияи Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор шуд.
Дар мулоқот роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
