17 марти соли 2025 дар қароргоҳи Дабирхонаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс (ШҲКАХФ) дар Риёз мулоқоти машваратии чоруми роҳбарияти ШҲКАХФ бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ иштирок намуд.
Дар нишаст масъалаҳои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ ва роҳҳои таҳкиму тавсеаи онҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
