9 апрели соли 2025 дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо ректори Донишгоҳи шоҳзода Султон (PSU) доктор Аҳмад Ал-Ямонӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла механизмҳои роҳандозии ҳамкории академикии донишгоҳи мазкур бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
