1 майи соли 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ ва ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Аҳмад Ад-Дахил вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишварро баррасӣ карданд.
