11 майи 2025 дар Риёз вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо мудири кулли Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсали Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
