14 майи 2025 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири варзиши Арабистони Саудӣ хонум Ғундура Шамс Ғундура баргузор гардид.
Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои ҷавонон ва варзиш ва ичнунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
