КАРИМӢ АКРАМ МУҲАММАДРАСУЛ

19.09.2019 11:39

foto-Kkarimi_person.jpg

КАРИМӢ АКРАМ МУҲАММАДРАСУЛ

Сафири Фавқулода ва Мухтори

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ,

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҳамкории Исломӣ

 

 

30 июли соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

 

Таҳсилот:

 Дараҷаи таҳсилот: магистр (муносибатҳои байналмилалӣ, арабшинос ва исломшинос).

1993-1995: Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултаи забонҳои Шарқ, бахши забони арабӣ);

1996-2002: Таҳсил дар Донишкадаи омӯзиши забони арабӣ, Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира;

2003-2008: Таҳсил дар бахши аспирантураи Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира;

2011: Курсҳои дипломатӣ дар назди Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср (ш. Қоҳира);

2012-2014: Аспиранти ғоибонаи шуъбаи робитаҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015: Курсҳои дипломатӣ дар назди Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия (ш. Москва);

2016: Давраи омӯзишӣ дар назди Маркази NESA-и Донишгоҳи мудофеаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ш. Вашингтон);

2016-2018: Таҳсил дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, факултаи муносибатҳои байналхалқӣ.

 2017:  Давраи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар назди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе).

 

Фаъолияти меҳнатӣ:

2004-2008: Корманди маъмурии ширкати тиҷоратии “Ал-Маян” дар шаҳри Қоҳира;

2009-2011: Тарҷумони Гурӯҳи тарҷумонҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2012-2014: Аспиранти шуъбаи робитаҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2014: Тарҷумони Шуъбаи тарҷумонҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2014-2016: Котиби сеюми шуъбаи Шарқи Наздик ва Африкаи Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2016-2017: Котиби якуми Котиботи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015-2018: Роҳбари Барномаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ҳамкории муштараки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ (UNDP);

2017-2019: Мушовир - Роҳбари Котиботи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2019-2020: Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар.

 

31 августи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ таъйин гардид, инчунин Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҳамкории Исломӣ

 

Забонҳои арабӣ, форсӣ, русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg