26 сентябри соли 2014 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова доир гашт.
Вазири корҳои хориҷӣ оид ба 37-умин Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар он 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва шоир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии шоир, файласуф ва ориф Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ ба рӯйхати санаҳои муҳим ворид карда шуданд, ибрози хушнудӣ намуд.
Сироҷидин Аслов инчунин ба Ирина Бокова ва дар шахсияти ӯ ба кормандони ЮНЕСКО барои ҳамкорӣ ва дастгирии Тоҷикистон дар баргузории “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” миннатдорӣ баён кард.
Ҷонибҳо мавқеи ҳамсон доштанд, ки идома ва густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф зарур аст. Дар ин росто, аҳамияти ҳамкории наздиктар ҷиҳати таҳкими иқтидори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъкид карда шуд.