31 июл Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Қосимӣ Заробиддин бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои халиҷии араб Абдуллатиф ибни Рошид ал Заёнӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ як зумра масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо терроризму экстремизм зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.