
31 июл Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Саудӣ доир ба масоили консулӣ Тамим Моҷид Ал-Дусарӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар қарордошта баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои дӯстонаи ду давлат омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид доштанд.